Маълумот: Чи гуна номи Тоҷикистонро боло бардорем?

 

Саломи худро мерасонам, барои бинандагони барномаи “Маълумот” дар шабакаи TAJLIFE.

Мавзӯи имрӯзаи мо: Чи тавр номи Тоҷикистонро берун аз Тоҷикистон боло бардошт?

Чи кор бояд кард, ки дар куҷое набошем фахр кунем ки мо Тоҷик ҳастем?

Биёед дар ин бора суҳбат мекунем!  

Агар шумо дар шаҳри Россия бошед, ё ин ки ақалан як маротиба ба Россия рафтаги бошед, шумо ҳатман дар бораи он фикр кардаед, ки “Мо тоҷики бузург ҳастем, таърихи бой дорем. Гузаштагони мо Рудаки, Сино, Фирдавси ва дигару дигарон ҳастанд, ки дар тамоми ҷаҳон онҳоро мешиносанд. Чи тавр мо инро ба халқи рус фаҳмонем? Чи тавр мо ба онҳо бигуем ки, калимаи Тоҷик маънояш Тоҷдор аст?”

Бале хонандагони азиз. Ин саволҳоро ҳар яки мо ба худамон додаем. Аммо намедонем, ки чигуна аз ин му шкили бе рун бароем.

Шумо худатон тассавур кунед: Аз хурди дар Тоҷикистон ба дунё омади. Ба мактаб рафти, аз синфи 1 то синфи 11 дар мактаб забони миллии Тоҷикиро омухти. Дар дарсҳои адабиёт дар бораи бузургони мо Устод Рудаки - нависандаи машҳур, Абуали ибни Сино – тибби бузургтарин, уро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд. Дар бораи Фирдавси, Ҷоми ва дигару дигар бузургонро ба мо меомузонданд. Дар дарси таърих б ошад дар бораи қаҳрамониҳои Темурмалик, Деваштиҷ, Муқаннаъ ва дигарон ба мо нақл мекарданд. Ғурури Ватандустдории мо баланд мешуд. Мо фахр мекардем, ки мо тоҷик ҳастем.

Ин нишонаи он аст, ки моро дар Ватан тарбияи дуруст медиҳанд, ҳурмат мекунанд, дониши нағз меомузонанд, муаллимони беҳтарин ба мо дарс медиҳанд.

Аммо, пас аз хатми хатми мактаб баъзеи мо шояд бо сабабҳои оилави барои кору фаъолият, ё ин ки барои дониш омухтан ва ё ин ки барои истироҳат ба шаҳри Руссия меоем. Ва дар инҷо бошад мо шоҳиди баъзе нофаҳмиҳо мешавем. Мебинем ки чигуна халқи Рус бо мо муомила мекунад, чигуна фикрҳои хато доранд нисбати Тоҷикон?! Ҳамаи онҳо не, баъзе аз онҳо. Як қисми нафароне ҳастанд ки фикрҳои нодуруст доранд нисбати мо.

Ана дар ҳамин ҳолат ғурури Ватандории мо боло меояд. Мо кушиш мекунем ки ба онҳо бифаҳмонем хатогиашонро. Аммо намедонем чигуна?! Мо чи кор бояд кунем ки, ислоҳ кунем ҳамаи ин хатогиҳоро!

Биёед каме фикр мекунем, ба худамон савол медиҳем: Сабаби ҳамаи ин чист? Барои чи чунин нофаҳмиҳо вуҷуд доранд?

Бале бинандагони азиз, сабаби ҳамаи ин худи мо ҳастем. Мо худамон гунаҳкор ҳастем, ки бо мо чунин муомила мекунанд. Мо бояд аввал аз худамон сар кунем. Дар шаҳри бегона ки қарор дорем, мо бояд ин миллатро ҳурмат кунем, мо бояд қонуну қоидаҳояшонро риоя кунем. Мо бояд кушиш кунем, ки худамонро аз ҷиҳати нағз нишон диҳем.

Биёед як мисоли одди меорем: Дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ягон миллати дигар, хоҳ Рус бошад, қазоқ ё узбек бошад, фарқ надорад, ҷвононашон якҷоя шуда дар маркази шаҳр, дар пеши ҳайкали Сомони мусиқи монда рақсҳои бемаъни кунанд, бо возои баланд сухан карда бо забони худашон моро ҳақорат кунанд, ба духтарони тоҷик гап партоянд. Ҳамаи ин ба мо маҳқул мешавад? Чунин муомиларо мо нигоҳ карда хап мешинем? Албатта ки не! Мо кушиш мекунем ки ба онҳо дод занем, бифаҳмонем ва ҳатто ба ҷанг мехезем. Ин ба мо писанд нест.

Аммо вақте ки мо дар Руссия чунин мекунем, ба халқи Рус низ ҳамаи ин писанд намеояд. Биёед фикр мекунем, ва кушиш мекунем ки дар оянда ба чунин хатогиҳо роҳ надиҳем. “Надонистани қонун моро аз ҷавобгари раҳо намекунад” Қонуни яки кодексҳои ҷинояти.

Миллати худро дуст доред. Ба тоҷикистони худ баргардед, аз ҳама чиз миннатдор бошед ва дар канали TAJLIFE дар YouTube подписаться кунед.

Добавлено: 5-10-2017, 01:10
0
602

Похожие публикации


Добавить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Наверх